Хизматрасониҳои корпоративӣ

Хизматрасониҳои корпоративӣ

Хизматрасониҳои корпоративӣ – қисмати алоҳидаи самти сайёҳӣ мебошад. Дар ҳамроҳӣ бо ҳамкасбони худ шумо метавонед бо экскурсияҳои нодир ба саёҳати ҷолиб равед, ба ҳар як чорабинии соҳаи фаъолиятатон ташриф оред, истироҳати варзиширо бо мусобиқаҳои даставӣ ташкил ва гузаронед. Бомуваффақият анҷом дода шудани лоиҳаи худ ва чорабиниҳои дигареро ҷашн гиред.

Мо доираи васеи имкониятҳоро барои қонеъ гардонидани ҳамаи талаботи Шумо пешкаш менамоем.

  • Тимбинг маҷмӯи чорабиниҳоест, ки барои эҷоди рӯҳияи даставӣ дар байни кормандони ташкилот, ташкили даставӣ пешбинӣ шудааст. Вазифаи асосии он аз баланд бардоштани сатҳи самаранокӣ фаъолияти кормандон, такмил додани робитаи мутақобилаи байни онҳо иборат мебошад, ки дар ниҳояти кор барои баланд гардидани нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳибкорӣ нигаронида мешавад.

Мо бо иштироки мураббиёни варзида ҳам дар дохили корхона ва ҳам бо ҳозир гардидани ба ягон ҷо дар мавзўъҳои гуногун ташкил мекунем.

  • Маҷлис — афзалиятҳои асосии чорабиниҳои тиҷоратии беруна, дар тағйир ёфтани манзараҳо ва қобилияти якҷоя кардани қисмати расмӣ ва ғайрирасмии чорабинӣ мебошад. Он боиси дар сатҳҳои гуногуни эмотсионалӣ ба вуҷуд овардани робитаҳо байни иштирокчиён кӯмак мекунад, ки дар навбати худ барои беҳтар гардидани муносибати байни кормандон мусоидат менамояд.
  • Машғулиятҳо — яке аз шаклҳои омӯзиши интерактивӣ мебошад, ки ҳадафи он ташаккул додани салоҳиятнокии муоширати байнишахсӣ ва касбии кормандон нигаронида шудааст. Машғулият мумкин аст дар доираи як даста бо сафар ба деҳот ё дар шакли презентатсия дар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи шумо гузаронида шавад.
  • Истироҳати даставӣ — имрӯз на танҳо машғулияти якҷояи коллективи меҳнатӣ, балки васоити самарабахши ҳавасмандгардонӣ ва муттаҳид намудани коргарон мебошад. Ба шарофати чорабиниҳои дастаҷамъона, сатҳи самаранокии меҳнат дар вақти корӣ зиёд мегардад, сатҳи низоъ дар дохили ширкат кам мешавад, ширкат дар байни шарикон ва рақибон обрӯи мусбат пайдо мекунад. Ҳавасманд гардонидани кормандон бо сафарҳои корпоративӣ як қатор вазифаҳоро ҳал мекунад: истироҳати мустақим, муошират бо ҳамкорон, ташкили самараноки даста ва ҳатто омӯзиши пешрафта.

Мо барои Шумо пешниҳоди хуб дорем!

Мутахассисони мо ба Шумо кӯмак мерасонанд!