Роҳбалад – тарҷумон

Роҳбалад – тарҷумон

Ба саҳми Шумо хизматрасониҳои роҳбалад- тарҷумонҳоро ба забони русӣ ва дилхоҳ забони дигари хориҷа пешниҳод менамоем.

Дар коллективи мо аз забоншиносони касбии ботаҷриба дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва хориҷи кишвар мавҷуд мебошанд.

Роҳбаладон-тарҷумонҳои мо бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд:

  • суханони зебо ва адабӣ, ки шунидани онҳо гуворо аст;
  • муҳаббат ба таърих, фарҳанг ва санъат;
  • қобилияти муошират, табиати ором ва худнигоҳдорӣ.

Роҳбалад – тарҷумон – шахсе мебошад, ки маҳз барои ӯ мақоли «И швец, и жнец, и на дуде игрец» гуфта шудааст. Воқеан дар ин навъи кору фаъолият бояд дар худ ин се маҳорат нигоҳ дошта шаванд:

  • забондонии касбӣ — барои муоширати озод бо меҳмонон дар ҳама гуна ҳолат, новобаста аз он, ки дар экскурсия, гуфтушуниди касбӣ ё шопинг қарор дошанд;
  • роҳбалади ботаҷриба — урфу одат, анъана, тарзи зиндагонии мардуми маҳаллиро донанд, ҷойҳои шавқоварро нишон дода тавонанд;
  • равоншиноси бомаҳорат — ба ин ҷиҳати касб аксар вақт таваҷҷуҳи хоса зоҳир намегардад, аммо кор бо одамон ҳамеша ҳамаммулпазириро талаб менамояд, чун ба ҳолатҳои ғайричашмдошт мунтазам рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин шахс бояд дар ҳамагуна ҳолат оромии худро нигоҳ дошта тавонад.

 

Роҳбалад-тарҷумон, чун қоида, ҳайати шахсони хориҷиро дар сафари корӣ ё як гурӯҳи сайёҳонро дар сафарашон ҳамроҳӣ мекунад. Доираи вазифаҳои ӯ нисбат ба тарҷумон хеле васеътар мебошад: агар охирин танҳо дар гуфтушунидҳо / намоишгоҳҳо кор кунад, пас роҳнамо бояд якчанд вазифаро иҷро кунад: меҳмонхона, миз дар тарабхона, воситаҳои нақлиётиро саривақт фармоиш карда тавонад, дар интихоби костюм, савдо дар бозор ё ба духтур муроҷиат карда тавонад, ки ҳама ҳолатҳои болозикрро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст.

Новобаста аз ин,

Роҳбалад- пеш аз ҳама тарҷумон мебошад.

Вазифаи ӯ дар он зоҳир мегардад, ки муоширати байни шахсоне, ки аз кишварҳои гуногун ҳозир гардиданд, дохил мешавад.

Бинобар ин нисбати онҳо татбиқ намудани маҳакҳои тарҷумони шифоҳӣ зарур мебошад:

  • Салоҳиятмандӣ. Бояд забони хориҷӣ, чи адабӣ ва ҳам гуфтӯгуиро хуб донад, бо забони хориҷӣ озод сухан карда тавонад.
  • Хазинаи луғавии бой. Вай бояд натанҳо лексикаи умумиро донад, балки хамаи он чизеро, ки ба таърих, география, маданият равобит дорад, донад — баъзан аъзоёни хайати вакилон саволҳои ғайричашмдошт ва мураккабтаринро медиҳанд.
  • Қобилияти гузариш. Дар вақти кор роҳбалад хамчун тарҷумон бояд усулҳои гуногунро истифода бурда тавонад: тарҷумаи пай дар пай, тарҷумаи шифоҳӣ, пичиррос (пичир-пичир). Танҳо мутахассисони ҳақиқӣ метавонанд ин вазифаро иҷро кунанд.
  • Дониши этикаи касбӣ. Дақиқият, масъулият, махфият – барои ҳар як тарҷумон суханҳои оддӣ намебошанд, ҳамчунин барои роҳбалад.

Ба Шумо роҳбалад- тарҷумон лозим аст? Муроҷиат кунед!

Мутахассисони мо ба Шумо кӯмак мерасонанд!