Сайёҳии Агро-гастроӣ

Сайёҳии Агро-гастроӣ

Ин омезиши меваҷамъкунӣ ва омӯзиши дарси пухтупази таоми миллӣ мебошад.

Сайёҳон бештар маҳсулотеро интихоб мекунанд, ки мерос ва фарҳанги маҳалро дар худ таҷассум менамоянд, ки ба нигоҳ доштани шаклҳои анъанавии хоҷагидорӣ ва мероси фарҳангӣ мусоидат мекунанд. Бинобар ин сайёҳии гастрономӣ ва агроӣ ба ин мувофиқ мебошад.

Тоҷикистон кишвари кишоварзӣ мебошад, аз ин рӯ, деҳқонони маҳаллӣ имконияти намоиш ва фахр кардан аз маҳсули меҳнати худро доранд. Азбаски сайёҳони ташрифоварда на танҳо ба шаҳрҳои калон сафар мекунанд, балки дар деҳот вақт гузаронидан, бо фарҳангу зиндагии мардуми деҳот шинос шуданро дӯст медоранд, ҳамчунин ошхонаи маҳаллиро санҷидан мехоҳанд.

Мехоҳед ба сайёҳии Агро-Гастро роҳсипор гардед?

Мутахассисони мо ба Шумо кӯмак мерасонанд!