Сайёҳии шикорӣ

Сайёҳии шикорӣ

Ин навъ сайёҳӣ арзиши баланд дорад ва дар бештари мавридҳо онро метавон ҳамчун тарзи олии истироҳат эътироф кард.

Шикор дар куҳҳои Помир (Тоҷикистон) дар баландии аз 4000 то 4800 метр аз сатҳи баҳр гузаронида мешавад.

Баландкуҳҳо шароити ба худ хос дошта, бо ҳавои камёфт ва ҳарорат аз +20 то -20 дараҷа, вобаста ба мавсими сол аз ҳам фарқ мекунад. Дар бештари ҳолатҳо ба бузи осиёи миёнавӣ, аргали Марко Поло, гург, Мархураи бухорӣ ва м. и. шикор карда мешавад.

Мехоҳед ба сайёҳии шикорӣ роҳсипор гардед?

Мутахассисони мо ба Шумо кӯмак мерасонанд!